СММ ба тоҷикистониён бо маводи ғизоӣ кӯмак мекунад

Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ба воридоти маҳсулоти ғизоӣ барои 80 ҳазор нафар мардуми осебпазир дар Тоҷикистон оғоз кард. Тавре дар иттилоияи созмон зикр мегардад, кӯмаки мазкур бинобар сабаби сардӣ ва муддати дароз давом ёфтани фасли зимистон, ки ба аҳолии Тоҷикистон мушкилоти зиёд пеш овард, пешниҳод карда мешавад. «Зимистони имсола миллионҳо тоҷикистониён маҷбур буданд, […]

ASIA-Plus


Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ба воридоти маҳсулоти ғизоӣ барои 80 ҳазор нафар мардуми осебпазир дар Тоҷикистон оғоз кард.

Тавре дар иттилоияи созмон зикр мегардад, кӯмаки мазкур бинобар сабаби сардӣ ва муддати дароз давом ёфтани фасли зимистон, ки ба аҳолии Тоҷикистон мушкилоти зиёд пеш овард, пешниҳод карда мешавад.

«Зимистони имсола миллионҳо тоҷикистониён маҷбур буданд, ки барои маводи сӯхт маблағҳои зиёд масраф намоянд ва акнун дар вазъи гарон будани қимати маводи ғизойӣ, аксари мардум ба харидории маҳсулоти озуқаи кофӣ барои рӯзгузаронии оилаи худ қодир нестанд», – мегӯяд директори Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ Алзира Феррейра.

Гуфта мешавад, кӯмак аз маводи ғизойи маҳсулоти витаминдори ғизододашуда – орд, равғани растанӣ, нахӯд ва намаки йоднокшуда барои ду моҳ иборат аст.

Зикр мегардад, кӯмак ба сокинони водии Рашт ва вилоятҳои Суғду Хатлон расонида мешавад. Дар минтақаҳои мазкур аксари оилаҳо бар асари боришоти зиёд ва офати табиӣ ҳосил ва чорворо талаф доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.