Боздиди коршиносони байнулмилалӣ аз Агентии маводи нашъаовар

Дар вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо ҳайати ширкаткунандагони мулоқоти серӯзаи гурӯҳи минтақавии кории такмили фаъолияти воҳидҳои ба шаклдарории воситаҳои нашъадор масоили вобаста ба ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо ҳамкорон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа […]

ASIA-Plus


Дар вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо ҳайати ширкаткунандагони мулоқоти серӯзаи гурӯҳи минтақавии кории такмили фаъолияти воҳидҳои ба шаклдарории воситаҳои нашъадор масоили вобаста ба ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо ҳамкорон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, ин ҳайат, ки иборат аз  намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои машғул ба пешгирӣ аз густариши маводи мухаддири Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин намояндагони Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар Осиёи Марказӣ (ММИҲОМ), Барномаи рушди СММ, Маркази байналмилалии таҳияи сиёсати муҳоҷират, Раёсати СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, БОМНАФ ва САҲА иборат буд, 11 апрел ба Агентӣ омаданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот Директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон ва минтақа, ҳамкориҳои созанда бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишварҳои ҳамсоя дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошно намуд. Ҳамзамон дар бораи чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, дар мавриди фаъолиятҳои Агентӣ ва комёбиҳову дурнамои рушди он муфассал нақл кард ва ба ҳама пурсишҳои ширкаткунандагони мулоқот посух дод.

Дар ин вохӯрӣ ҳайати мазкур бо фаъолияти лабораторияи ташхиси судӣ ва Шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ шинос шуда, синфхонаи компютерии омӯзиши интерактивӣ, анбори нигаҳдории мухаддирот, тафқифгоҳи муваққатӣ, тир, ҳамчунин варзишгоҳи Агентиро диданд.

Маврид ба ёдоварист, ки мулоқоти гурӯҳи минтақавии кории такмили фаъолияти воҳидҳои ба шаклдарории воситаҳои нашъаовар дар пойтахти Тоҷикистон ба кор оғоз кард ва дар минтақаи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, аз ҷумла дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб дасрҳои таҷрибавӣ гузаронд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.