Роҳхати сеюми боксчиёни тоҷик ба Олимпиадаи Лондон

Боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов (вазни то 81 кило) соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 гардид. Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Қазоқистон, пас аз пирӯзӣ бар боксчии қирғиз Сергей Скляров дар мусобиқоти интихобии олимпии Осиё дар Қазоқистон бо ҳисоби 12 бар 7, Ҷаҳон Қурбонов ба роҳхати олимпӣ мушарраф гардид. Боксчии дигари тоҷик Собирҷон Назаров (75 кило) […]

Пайрав Чоршанбиев


Боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов (вазни то 81 кило) соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 гардид.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Қазоқистон, пас аз пирӯзӣ бар боксчии қирғиз Сергей Скляров дар мусобиқоти интихобии олимпии Осиё дар Қазоқистон бо ҳисоби 12 бар 7, Ҷаҳон Қурбонов ба роҳхати олимпӣ мушарраф гардид.

Боксчии дигари тоҷик Собирҷон Назаров (75 кило) дар қувваозмоӣ барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқот аз боксчии ӯзбек Аббос Атоев бо ҳисоби 2 бар 13 шикаст хӯрд. Варзишгари ҷавони тоҷик Асрор Воҳидов (то 49 кило) қувваозмоӣ бо боксии Ҷопонро бохта, аз имкони иштирок дар Олимпиадаи Лондон маҳрум шуд.

Ёдрас мекунем, ки ин роҳхати сеюми боксчиёни тоҷик ба Олимпиадаи Лондон аст. Қаблан роҳхатҳо ба Олимпиадаро боксчиён Собирҷон Назаров (75 кило) ва Анвар Юнусов (56 кило) ба даст оварда буданд.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти бокси Олимпиадаи Лондон 286 нафар варзишгарон (250 нафар мардон ва 36 нафар занон) ширкат варзида, баҳри дарёфти 13 комплекти медалҳо мубориза хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.