Дарёфти ҷасадҳои ду нафар тоҷик дар вилояти Тюмен

Date:


Ахири ҳафтаи гузашта, 14 апрели соли 2012  дар деҳаи Старий Уренгойи ноҳияи Пуровскийи ҳавзаи худмухтори Ямало-Ненетски Федератсияи Россия ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон Алиев Саъдулло Ғаниевич (соли таваллудаш 01.05.1971, сокини шаҳри Душанбе) ва Носиров Сайкомил Холаҳмадович (соли таваллудаш 15.02.1989, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо гардидаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки бино ба иттилои бародари яке аз марҳумон, Саъдуллову Сайкомил дар вагоне, ки истиқомат мекарданд, кушта шудаанд.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби Шӯъбаи тафтишотии кумитаи тафтишотии ноҳияи Пуровский парвандаи ҷиноӣ (Қисми 2-и Моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия) боз гардидааст.

Ба мақсади расонидани ёриву мусоидатҳои лозима кормандони Сафорат бо намояндагони диаспораҳои тоҷикони вилояти Тюмен ва Сургут дар тамосу ҳамоҳангӣ қарор дошта, мавзӯъро ҷиддан пайгирӣ менамоянд.

Ҷасадҳои Алиев Саъдулло ва Носиров Сайкомил рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...