Ҷарроҳии то 1 ҳазор кӯдакони бемори иллати дили модарзодӣ дар як сол

Дар Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу хун шуъбаи табобати бемориҳои иллати дили модарзодии кӯдакон ба кор шуруъ кард. Табибони шуъба ҷарроҳии то 1 ҳазор кӯдакони беморро дар як сол ба нақша гирифтаанд. Шуъбаи мазкур дар маркази илмии беморхонаи шаҳрии клиникии № 5 (Шаҳраки тиббӣ) фаъолият дошта, бо дастгирии Каритас Интернешнл боз гардидааст. Мудири шуъба Икром Болтабоев […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу хун шуъбаи табобати бемориҳои иллати дили модарзодии кӯдакон ба кор шуруъ кард. Табибони шуъба ҷарроҳии то 1 ҳазор кӯдакони беморро дар як сол ба нақша гирифтаанд. Шуъбаи мазкур дар маркази илмии беморхонаи шаҳрии клиникии № 5 (Шаҳраки тиббӣ) фаъолият дошта, бо дастгирии Каритас Интернешнл боз гардидааст.

Мудири шуъба Икром Болтабоев мегӯяд, шуъба бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда аз 20 кат иборат аст. «Айни замон ҳайати коргарони шуъбаро 10 табиби соҳибтаҷриба ташкил медиҳанд, ки дар дармонгоҳҳои пешқадами Русияву Эрон омӯзишу таҷриба гирифтаанд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи табиб, ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор атфол ба дунё меоянд, ки аз 1,5 то 3 ҳазор нафарашон дорои бемории иллати дили модарзодӣ мебошанд. «Агар шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда бошанд, тавассути ҷарроҳҳии фаврӣ онҳоро метавон наҷот дод», – изҳор кард ӯ.

Дар шуъбаи нав ҷарроҳӣ барои беморон ба ҳисоби миёна ҳудуди 5 ҳазор $ арзиш хоҳад дошт. Дар ҳамин ҳол, дар Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳи дилу раг кӯдаконе ҷарроҳӣ шуданд, ки маблағ барои онҳоро хонандагони ОИ «Азия-Плюс» ҷамъоварӣ карда буданд.

Бино ба маълумоти Вазрати тандурустии ҷумҳурӣ, айни замон дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор нафар афроди дорои бемории иллати дил ба сар мебаранд, ки 3 ҳазор 700 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.