Дарёфти ҷасадҳои ду нафар тоҷик дар вилояти Тюмен

Ахири ҳафтаи гузашта, 14 апрели соли 2012  дар деҳаи Старий Уренгойи ноҳияи Пуровскийи ҳавзаи худмухтори Ямало-Ненетски Федератсияи Россия ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон Алиев Саъдулло Ғаниевич (соли таваллудаш 01.05.1971, сокини шаҳри Душанбе) ва Носиров Сайкомил Холаҳмадович (соли таваллудаш 15.02.1989, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо гардидаанд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта, 14 апрели соли 2012  дар деҳаи Старий Уренгойи ноҳияи Пуровскийи ҳавзаи худмухтори Ямало-Ненетски Федератсияи Россия ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон Алиев Саъдулло Ғаниевич (соли таваллудаш 01.05.1971, сокини шаҳри Душанбе) ва Носиров Сайкомил Холаҳмадович (соли таваллудаш 15.02.1989, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо гардидаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки бино ба иттилои бародари яке аз марҳумон, Саъдуллову Сайкомил дар вагоне, ки истиқомат мекарданд, кушта шудаанд.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби Шӯъбаи тафтишотии кумитаи тафтишотии ноҳияи Пуровский парвандаи ҷиноӣ (Қисми 2-и Моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия) боз гардидааст.

Ба мақсади расонидани ёриву мусоидатҳои лозима кормандони Сафорат бо намояндагони диаспораҳои тоҷикони вилояти Тюмен ва Сургут дар тамосу ҳамоҳангӣ қарор дошта, мавзӯъро ҷиддан пайгирӣ менамоянд.

Ҷасадҳои Алиев Саъдулло ва Носиров Сайкомил рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.