Оғози чорабинии Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ

Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ имрўз дар саросари кишвар даври аввали чорабинии бекирмгардонӣ дар байни кўдакону наврасон ва занони қобили таваллуд оғоз  гардид. Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи ин чорабинӣ, ки дар мактаби таҳсилоти умумии №20 пойтахт доир гардид, муовини вазири […]

ASIA-Plus


Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ имрўз дар саросари кишвар даври аввали чорабинии бекирмгардонӣ дар байни кўдакону наврасон ва занони қобили таваллуд оғоз  гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи ин чорабинӣ, ки дар мактаби таҳсилоти умумии №20 пойтахт доир гардид, муовини вазири тандурустӣ Аъзамҷон Мирзоев, сафири ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Кен  Гросс, роҳбари дафтари  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Павел Урсу зимни суханрониҳои хеш иброз доштанд, ки ин чорабиниҳо ба хотири ҳифзи сиҳатии насли наврас буда, ба таъмини тандурустии сокинони кишвар  равона шудааст.

Чорабинии мазкур дар ду давр, аз 16 то 27 апрел ва аз 17 то 28 сентябр гузаронида мешавад ва он кўдакони аз 1 то 17 сола ва занони қобили таваллудро дарбар мегирад. Ба кўдакон ва занони қобили таваллуд дар марказҳои саломатии ҷои истиқомат ва ба кўдакону наврасони синни мактабӣ бошад дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ  доруи Албендозол тақсим карда дода  мешавад.

Дар даври аввал беш аз 2 миллиону 600 ҳазор нафар кўдакону наврасон ва занони қобили таваллуд  ва дар даври дуввум наздики 1 миллиону 700 ҳазор нафар мактаббачагони синфҳои 1-11 ба ин чорабинӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Доруҳои Албендазол ва Празиквантел, ки барои бекирмгардонӣ истифода мешаванд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба қайд гирифта шудаанд.

Вазорати тандурустӣ  барои боз ҳам хубтару самарабахш гузаронидани ин чорабинӣ ва бо мақсади фаро гирифтани тамоми гурўҳҳои мақсадноки аҳолӣ кормандони васоити ахбори омма ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои кишварро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.