Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Конибодом дар ҳаҷми беш аз 4 млн. $

Date:


Дар се моҳи аввали соли равон корхонаҳои шаҳри Конибодом ба афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ноил гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7 млн. 676 ҳазор сомонӣ бештар маҳсулот истеҳсол карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши саноати ҳукумати шаҳр Абдуқодир Обидов хабар дод, аз оғози сол корхонаҳои саноатии маҳаллӣ ба маблағи 20 млн. 018 ҳазор сомонӣ (беш аз 4 млн. $) маҳсулот истеҳсол намуда, нақшаро ба андозаи 62,2% барзиёд иҷро карданд.

Дар ин давра аз 17 корхонаи саноатӣ дар 10-тоаш афзоиши истеҳсоли маҳсулот ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, ду корхонаи коркарди нахи пахта ба маблағи 7 млн. 719 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҶС «Бодом» фармоиши КВД «Ширкати алюминии тоҷик»-ро оид ба истеҳсоли автомашинаҳои махсуси тамғаи МПК-5 ва МПГ-4М ба иҷро расонида, ҳаҷми маҳсулотро 1,7 маротиба афзуд.

«Дар ҶС «Ассор» аз ҳисоби насби хатти нави технологӣ ҳаҷми истеҳсоли равғани растанӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба зиёд шуд.

Номбурда изҳор кард, ки 5 корхона аз уҳдаи иҷрои нақша баромада натавонистанд. Аз ҷумла, ҶДММ «Шоҳон», ки ба истеҳсоли бензину дигар маводи сӯзишворӣ машғул аст, бинобар сабаби набудани воситаҳои гардиш ҳамагӣ нисбат ба соли гузашта 55% маҳсулот истеҳсол карда, корхонаи сохтмони вагонҳо бошад, ба маблағи 57 ҳазор сомонӣ кам маҳсулот истеҳсол намуд.

«Пас аз таваққуфи чандинсола ниҳоят ҶС «Ресмон» (собиқ фабрикаи бофандагиву ресандагӣ) ба фаъолият пардохт ва ҳарчанд алҳол як хатти истеҳсоли дока фаъол бошад ҳам, сармоягузорони корхона изҳори боварӣ мекунанд, ки истеҳсоли ришта дар корхона барқарор карда мешавад», – афзуд Обидов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...