Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Конибодом дар ҳаҷми беш аз 4 млн. $

Дар се моҳи аввали соли равон корхонаҳои шаҳри Конибодом ба афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ноил гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7 млн. 676 ҳазор сомонӣ бештар маҳсулот истеҳсол карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши саноати ҳукумати шаҳр Абдуқодир Обидов хабар дод, аз оғози сол корхонаҳои саноатии […]

Акмал Алиев


Дар се моҳи аввали соли равон корхонаҳои шаҳри Конибодом ба афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ноил гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7 млн. 676 ҳазор сомонӣ бештар маҳсулот истеҳсол карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши саноати ҳукумати шаҳр Абдуқодир Обидов хабар дод, аз оғози сол корхонаҳои саноатии маҳаллӣ ба маблағи 20 млн. 018 ҳазор сомонӣ (беш аз 4 млн. $) маҳсулот истеҳсол намуда, нақшаро ба андозаи 62,2% барзиёд иҷро карданд.

Дар ин давра аз 17 корхонаи саноатӣ дар 10-тоаш афзоиши истеҳсоли маҳсулот ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, ду корхонаи коркарди нахи пахта ба маблағи 7 млн. 719 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҶС «Бодом» фармоиши КВД «Ширкати алюминии тоҷик»-ро оид ба истеҳсоли автомашинаҳои махсуси тамғаи МПК-5 ва МПГ-4М ба иҷро расонида, ҳаҷми маҳсулотро 1,7 маротиба афзуд.

«Дар ҶС «Ассор» аз ҳисоби насби хатти нави технологӣ ҳаҷми истеҳсоли равғани растанӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба зиёд шуд.

Номбурда изҳор кард, ки 5 корхона аз уҳдаи иҷрои нақша баромада натавонистанд. Аз ҷумла, ҶДММ «Шоҳон», ки ба истеҳсоли бензину дигар маводи сӯзишворӣ машғул аст, бинобар сабаби набудани воситаҳои гардиш ҳамагӣ нисбат ба соли гузашта 55% маҳсулот истеҳсол карда, корхонаи сохтмони вагонҳо бошад, ба маблағи 57 ҳазор сомонӣ кам маҳсулот истеҳсол намуд.

«Пас аз таваққуфи чандинсола ниҳоят ҶС «Ресмон» (собиқ фабрикаи бофандагиву ресандагӣ) ба фаъолият пардохт ва ҳарчанд алҳол як хатти истеҳсоли дока фаъол бошад ҳам, сармоягузорони корхона изҳори боварӣ мекунанд, ки истеҳсоли ришта дар корхона барқарор карда мешавад», – афзуд Обидов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.