Осеби тоҷикон бар асари фурӯрезии як бино дар Маскав

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки шаби 16 ба 17-уми апрели соли равон (тахминан соати 01.40) дар минтақаи ҷануби шаҳри Москва фурӯрезии биное ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 1 нафар (шахсияти ӯ то ҳанӯз номаълум боқӣ мемонад) фавтид ва беш аз 10 нафар, аз ҷумла 8 шаҳрванди зерини Тоҷикистон осеб диданд: 1.   […]

ASIA-Plus


Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад, ки шаби 16 ба 17-уми апрели соли равон (тахминан соати 01.40) дар минтақаи ҷануби шаҳри Москва фурӯрезии биное ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 1 нафар (шахсияти ӯ то ҳанӯз номаълум боқӣ мемонад) фавтид ва беш аз 10 нафар, аз ҷумла 8 шаҳрванди зерини Тоҷикистон осеб диданд:

1.   Абдуллоев Ромиш Баҳромович, соли таваллудаш (с.т.) 1992 (дар шифохонаи №15-и ш. Москва бистарист);

2.    Умаров Аслан Фарҳодович, с.т. 1976 (шифохонаи №15-и ш.Москва);

3.    Икромзода Нуриддини Файзиддин, с.т. 1991 (шифохонаи №1-и ш.Москва);

4.    Мустафоев Улмас Аҳмадович, с.т. 1993 (шифохонаи №1-и ш.Москва);

5.    Ашуров Фахриддин Умарович, с.т. 1990 (шифохонаи №7-и ш.Москва);

6.    Ҳалимов Комрон, с.т.1994 (шифохонаи №13-и ш.Москва);

7.    Эшмуродов Парвиз Бердимуродович, с.т.1985 (пажуҳишгоҳи  ба номи Н.В. Склифосовский, ш. Москва);

8.    Ашуров Аслиддин Умарович, с.т.1995 (пажуҳишгоҳи  ба номи Н.В. Склифосовский, ш. Москва).

Бино ба иттилои манбаъ, бо мақсади ёриву мусоидатҳои лозима ба осебдидагони тоҷик, сафорат, мавзӯъро мавриди назорати қатъӣ қарор дода, бо зарардидагон ва намояндагони мақомоти дахлдори шаҳри Москва пайваста дар тамос мебошад. Аз ҷумла, чанд тан аз кормандони бахши консулии сафорат ба шифохонаҳои шаҳри Москва сафарбар гардидаанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Сарраёсати КҲФ дар шаҳри Маскав, фурӯрезии бинои 6-ошёна дар натиҷаи риоя накардани ҷараёни технологӣ зимни баргузор намудани корҳо оид ба бетонрезии бомҳои миёни ошёнаҳо сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, айни замон кормандони КҲФ ва муфаттишон пайи таҳқиқи тамоми ҳолатҳои ин ҳодиса мебошанд. Дар макони фурӯрезии бино корҳои тоза кардани тӯдаҳои масолеҳи сохтмон идома дорад. Тақдири 5 нафар, ки ҳангоми ҳодиса дар майдони сохтмон қарор доштанд, алҳол маълум нест. Замони фурӯрезии бино дар майдони он ҳамагӣ 17 нафар қарор дошта, 12 нафарро аз зери тӯдаҳо наҷот додаанд ва як нафар ба ҳалокат расидааст. Дар бемористонҳо 10 нафар қарор доранд. Ҳамаи осебдидагон зодагони синнусоли аз 17 то 36-солаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ будаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.