Ифтитоҳи филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав дар Душанбе

Илму маърифат омили рушду пешравии ҳар як миллат буда, Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозад, – изҳор дошт имрӯз дар маросими ифтитоҳи филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ-технологӣ (Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав) дар шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ба гуфтаи президент, рушди технологияи муосир мустақиман ба кори соҳаи маориф ва сатҳи саводнокӣ дар […]

Виктория Наумова


Илму маърифат омили рушду пешравии ҳар як миллат буда, Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозад, – изҳор дошт имрӯз дар маросими ифтитоҳи филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ-технологӣ (Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав) дар шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи президент, рушди технологияи муосир мустақиман ба кори соҳаи маориф ва сатҳи саводнокӣ дар кишвар вобаста аст.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид кард, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар бахши маоиф ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Ба қавли сарвари давлат, ифтитоҳи филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ва Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав гувоҳи ин гуфтаҳост.

Президенти ҷумҳурӣ таъкид кард, ки саҳми ин муассисаи таълимӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар бахши омодасозии кадрҳои соҳибтахассус назаррас хоҳад буд.

Сарвари давлат ба мақомоти раҳбарии Русия дар мусоидат ба ифтитоҳи ин донишкада изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон аз муносибатҳои дӯстона бо Русия ифтихор дораду онро қадрдонӣ менамояд.

Дар навбати худ, ректори Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав Дмитрий Ливанов изҳор кард, ки донишкада зимни фаъолият дар Тоҷикистон нақшаҳои зиёдеро амалӣ карданист. Аз ҷумла, дар заминаи филиал бунёди парки технологӣ дар назар аст, ки дар он технологияҳои навтарин мавриди озмоиш қарор гирифта, минбаъд дар истеҳсолоти ҶТ истифода мешаванд.

«Мақомоти раҳбарии донишкада дар Тоҷикистон мактаби олии технологӣ таъсис доданист, ки дар он донишҷӯён на танҳо дар соҳаҳои куҳкориву истихроҷи маъдан

ва саноати металлургӣ, балки дар бахши нанотехнология низ касб меомӯзанд», – таъкид дошт Ливанов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.