Cохтмони бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе

Дар шаҳраки дипломатии Душанбе, ки он ҷо аллакай сафоратхонаҳои Русия, Олмон ва Афғонистон қарор доранд, оянда бинои сафорати Эрон низ қомат меафрозад. Маросими хишти аввал гузоштан ба таҳкурии бино рӯзи душанбе, 16-уми апрел доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, бинои чаҳорошёнаи сафорат майдони ҳазор метри мураббаъро фаро […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар шаҳраки дипломатии Душанбе, ки он ҷо аллакай сафоратхонаҳои Русия, Олмон ва Афғонистон қарор доранд, оянда бинои сафорати Эрон низ қомат меафрозад.

Маросими хишти аввал гузоштан ба таҳкурии бино рӯзи душанбе, 16-уми апрел доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, бинои чаҳорошёнаи сафорат майдони ҳазор метри мураббаъро фаро хоҳад гирифт. Қитъаи замин аз ҷониби мақомоти шаҳрдории пойтахт ҷудо карда шудааст.

Тибқи лоиҳа, дар рӯ ба рӯи бинои сафорат иншооти меъморие бунёд хоҳад шуд, ки таҷассумгари дӯстии се халқи форсзабон – Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон хоҳад буд.

Бино ба маълумоти сафорат, сохтмон аз ҷониби ширкати эронии «Меҳробод» анҷом дода шуда, аллакай баъди як сол, баҳори соли 2013 ба бинои нав кӯчидани кормандони сафорат ба нақша гирифта шудааст. Айни замон бинои сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар маркази пойтахт, дар яке аз иморатҳои қадима бо суроғаи кӯчаи Бохтар, 18 воқеъ аст.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Эрон 9-уми январи соли 1992 роҳандозӣ шуда, худи ҳамон сол Эрон нахустин шуда дар Тоҷикистони соҳибистиқлол намояндагии дипломатии худро боз намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...