Баррасии гузориши Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Женева

Дар Женева Кумитаи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо гузориши нахустини Тоҷикистонро оид ба муҳоҷират баррасӣ мекунад. Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, аъзои Кумита ба мушкилоти раванди муҳоҷирони корӣ ва таъсири он ба қишри осебпазири ҷомеа – кӯдакону занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳанд кард. Дар посухҳои худ Тоҷикистон хабар додааст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Женева Кумитаи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо гузориши нахустини Тоҷикистонро оид ба муҳоҷират баррасӣ мекунад.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, аъзои Кумита ба мушкилоти раванди муҳоҷирони корӣ ва таъсири он ба қишри осебпазири ҷомеа – кӯдакону занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳанд кард.

Дар посухҳои худ Тоҷикистон хабар додааст, ки солҳои 2012-2013 бо мусоидати Созмони байнулмилалии муҳоҷират ҳукумат барои дақиқан муайян кардани нишондиҳандаҳои муҳоҷират аз кишвар кортҳои муҳоҷиратро такмил доданист.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки таҳияи механизми муайян кардани раванди ғайриқонунии муҳоҷират бинобар сабаби ҷой доштани мушкилот дар танзими раванди муҳоҷират дар кишварҳои таъинот ғайриимкон аст. Зикр шудааст, ки миёни Тоҷикистон ва кишварҳои асосии қабули муҳоҷирон реҷаи раводид вуҷуд надорад ва муҳоҷирон қонунӣ ба сафар мебароянд. Агар онҳо дар кишвари таъиншуда тартиботи будубошро риоя накунанд, сипас ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ табдил меёбанд.

Дар ҳисоботи Тоҷикистон шумори муҳоҷирони тоҷик тӯли солҳои 2004-2011 зикр гардидааст. Ҳамин тариқ, шумори муҳоҷирони Русияро интихобнамуда, дар соли 2004 – 254,4, соли 2005 – 466,5, 2006 – 562,0, 2007 – 727,0, 2008 – 805,0, 2009 – 692,9, 2010 – 520,8 ва соли 2001 – 750, 3 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ҳукуматдорони Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки муҳоҷирати аҳолӣ оқибатҳои ногувори иҷтимоӣ ба бор оварда, ба ҳаёти оилавӣ, вазъи занону кӯдакон таъсир мерасонад. Дар аснод, ҳамчунин дар бораи мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ ва бахусус хариду фурӯши одамон, ки ба мушкилоти муҳоҷирати корӣ робита зич дорад, низ сухан меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...