Даромади буҷа дар семоҳаи аввал беш аз 420 млн. $-ро ташкил дод

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати молияи ҶТ натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар семоҳаи аввали соли равон ва иҷрои буҷети давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Зимни ҳисобот оид ба ин масъала сардори Раёсати сиёсати буҷетӣ дар бахшҳои иқтисоди Вазорати молия Темуралӣ Аҳмадов зикр кард, ки даромади умумии буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон 2 млрд. сомонӣ (421 […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати молияи ҶТ натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар семоҳаи аввали соли равон ва иҷрои буҷети давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Зимни ҳисобот оид ба ин масъала сардори Раёсати сиёсати буҷетӣ дар бахшҳои иқтисоди Вазорати молия Темуралӣ Аҳмадов зикр кард, ки даромади умумии буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон 2 млрд. сомонӣ (421 млн. $)-ро ташкил доданд, ки аз ҳаҷми нақшавӣ 4 % зиёд буда, нисбат ба даромади моҳҳои январ-марти соли гузашта 261 млн. млн. сомонӣ бештаранд.

Ба гуфтаи Афғонов, хароҷоои умумии буҷети давлатӣ дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ 1,8 млрд. сомонӣ ё худ 85,4%-и нақшаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 277, 5 млн. сомонӣ зиёдтар мебошанд. Номбурда иброз дошт, ки ба бахши иҷтимоӣ дар ҳаҷми 802,4 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Афғонов таъкид кард, ки ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар семоҳаи аввал 5,6 млрд. сомониро ташкил дода, рушди воқеии иқтисод ба 7,2% баробар шудааст. Дар моҳҳои январ марти соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ 1 млрд. 246 млн. $ -ро ташкил додаааст. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 917, 3 млн. доллари ИМА маҳсулот ворид гардида, аз кишвар дар ҳаҷми 328, 2 млн. доллари ИМА маҳсулот содир шудааст.

Сатҳи таваррум дар бахши истеъмол дар семоҳаи аввали соли равон 1,2%-ро ташкил додааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.