Дар суди шаҳри Душанбе мурофиаи судӣ оид ба парвандаи қатли сокини 24-солаи пойтахт Парвиз Давлатбеков оғоз гардид, ки бо номи «куштори Бобои Барфӣ» маъруф буд.
Дар курсии айбдоршавандагон чор нафар ҷавонон – Фаррух Самиев, Шараф Давлатов, Ҳасан Абдурашидов, ки ба авбошӣ гунаҳкор карда мешаванд ва ноболиғ Б.Ш. қарор дорад, ки ба кушор муттаҳам карда мешавад.
Дар ҷараёни мурофиа Абдурашидов пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, дигар айбдоршавандагон худро қисман гунаҳкор медонанд. Боз чор нафар дар ҷустуҷӯ қарор дошта, ба онҳо гойибона айбнома пешниҳод шудааст.
Ҷаласаи судӣ таҳти раёсати судя Фахриддин Дадометов мегузарад. Пас аз муаррифӣ намудани ҳамаи иштироучиёни мурофиаи судӣ ва шиносоӣ бо хулосаи айбнома, яке аз намояндаи ҷониби ҷабрдида Ҷовид Гадомамадов, дӯсти Парвиз Давлатбеков суханронӣ кард, ки замони ҳодисаи фоҷебаор дар паҳлӯи ӯ буд.
«Шоми 31-уми декабр мо қарор додем, ки хешовандонамонро табрик бигӯем ва Парвиз барои ин сарулибоси Бобои Барфиро ба бар кард. Ӯ аз хонаи холааш дар минтақаи Профсоюз бо ду нафар дӯстонаш берун омаданд, ман бошам, аз ҷониби дигар ба сӯйи онҳо меомадам. Ман бидидам, ки онҳо дар ҳалқаи ҳудуди 20 нафар ҷавонон қарор доранд. Баъдтар ба ман маълум шуд, ки яке аз онҳо – Фаррух Самиев аз Бобои Барфӣ туҳфа талаб кардааст. Вақте Парвиз мегӯяд, ки туҳфа нест, ӯро мавриди дашном қарор медиҳанд. Ҷанҷол мешуд ва мо Парвизро аз иҳотаи издиҳом берун оварда, изҳор кардем, ки ин рафтори мардона нест, ки ба як нафар як издиҳом ҳамла кунад. Кӯшиш кардем, ки онҳоро ором созем ва хотиррасон намудем, ки имрӯз ид аст ва ҷанҷол лозим нест. Сипас Фаррух Парвизро ба як гӯшае фарёд кард. Онҳо дукаса ба назди даромадгоҳи бинои 12-ошёна рафтанд. Мо издиҳомро нигоҳ доштанӣ будем, вале онҳо чунон зиёд буданд, ки аз мо убур карда, ба назди даромадгоҳ давиданд. Он ҷо афтударафт ба вуқӯъ пайваст. Ҳангоме мо ба назди даромадгоҳ омадем, издиҳом аллакай пароканда шуда, мо Парвизро дар хун оғӯшта дарёфтем. Бо таксӣ ӯро ба беморхонаи Қарияи Боло бурдем ва табибон ба ҷарроҳӣ оғоз карданд. Парвиз ҳамин тавр ба ҳуш наомада, пас аз як шабонарӯз дар беморхона ба ҳалокат расид», – ҳикоят кард Гадомамадов.
Аз хулосаи айбнома бармеояд, ки ҷароҳатҳои ҳалокатборро ноболиғ Б.Ш. расонидааст. «Ӯ шахсан эътироф кард, ки ҳангоми ҷанҷол ба Парвиз се маротиби захми корд расонидааст», – гуфт айбдоркунандаи давлатӣ.
Дар ҳамин ҳол, модари айбдоршавандаи 16-сола Мавлуда Шарифова ба рӯзноманигорон гуфт, бовар надорад, ки писараш даст ба куштори шахсе зада бошад. «Он шом ману писарам дар меҳмонии модарам, дар микрорайони 12-ум будем. Аз тирезаи хона писарам дид, ки дар кӯча чӣ ҳодисае шудаасту наврасони зиёде ҷамъ шудаанд ва ӯ баҳри фаҳмидани қазия ба берун баромад. Ӯ даррав ба хона баргашт, пас аз се рӯзи воқеа бошад, кормандони милиса ба нади мо омада гуфтанд, ки ӯ дар куштор гумонбар дониста мешавад. Овозаҳое ҳастанд, ки ӯро таҳдид карда, маҷбур кардаанд, ки гуноҳи шахси дигарро ба дӯши худ гирад, зеро ӯ ноболиғ асту суд нисбат ба ӯ ҷазои сабуктар медиҳад», – мегӯяд зан.
Дар ҳамин ҳол, холаи Парвиз – Шарифа Худобахшева, ки дар назди даромадгоҳи манзили ӯ ин воқеи фоҷеабор рух дод, ба суди адолатнок умедвор аст. «Бигзор суд муайян кунад, ки кӣ гунаҳкор аст. Бисёр умедворам, ки гунаҳкорон дар қатли Парвизи мо ҷазои сазовор мегиранд», – гуфт ӯ.


