Генерал Раҳимов: ВКД Тоҷикистон ба пулиси афғон кӯмак мекунад

Date:


Зимни суханронӣ дар Конфронси 10-уми вазирон оид ба масоили идораи марзҳо ва амният дар Осиёи Марказӣ (CABSI, 16-17-уми апрел) дар шаҳри Вена вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов изҳор кард, ки сарфи назар аз комёбиҳои амалиёти нерӯҳои низомии эътилоф дар Афғонистон, наздикии қаламрави Афғонистон омили нигаронӣ боқӣ монда, ба вазъи сиёсӣ дар минтақа таъсиргузор аст.

Ба гуфтаи Раҳимов, айни замон созмонҳои байнулмилалии террористӣ ва гуруҳҳои ифротгаро мекӯшанд таъсири худро дар минтақа афзоиш диҳанд.

«Мо имкон дорем ва бояд ба таҳкими имконоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон тавассути ташкили ба омӯзиш фаро гирифтани кормандони пулис ва кинологҳо мусоидат намоем ва дар ҳамдастӣ бо Дафтари САҲА соли 2010 чунин омӯзишро барпо карда, идомаи онро низ мувофиқи мақсад медонем», – гуфтааст ӯ.

Ӯ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки аз таҷрибаи САҲА бобати дар Тоҷикистон таъсис додани Омӯзишгоҳи олии марзбонӣ, ки дар он сарҳадбонони афғон ва дигар кишварҳои минтақа такмили касб мекунанд, низ истифода шавад.

Генерал Раҳимов бори дигар хотиррасон намудааст, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир қарор дошта, нахуст дар роҳи таҳдиду чолишҳои нав монеъ мешавад ва аз ин рӯ, мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам чун мақомоти Афғонистон ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар Рамазон Раҳимов аз Котиботи САҲА боздид намуда, бо як зумра мансабдорони воломақоми ин созмон гуфтушунид анҷом додааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...