Генерал Раҳимов: ВКД Тоҷикистон ба пулиси афғон кӯмак мекунад

Зимни суханронӣ дар Конфронси 10-уми вазирон оид ба масоили идораи марзҳо ва амният дар Осиёи Марказӣ (CABSI, 16-17-уми апрел) дар шаҳри Вена вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов изҳор кард, ки сарфи назар аз комёбиҳои амалиёти нерӯҳои низомии эътилоф дар Афғонистон, наздикии қаламрави Афғонистон омили нигаронӣ боқӣ монда, ба вазъи сиёсӣ дар минтақа таъсиргузор аст. […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни суханронӣ дар Конфронси 10-уми вазирон оид ба масоили идораи марзҳо ва амният дар Осиёи Марказӣ (CABSI, 16-17-уми апрел) дар шаҳри Вена вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов изҳор кард, ки сарфи назар аз комёбиҳои амалиёти нерӯҳои низомии эътилоф дар Афғонистон, наздикии қаламрави Афғонистон омили нигаронӣ боқӣ монда, ба вазъи сиёсӣ дар минтақа таъсиргузор аст.

Ба гуфтаи Раҳимов, айни замон созмонҳои байнулмилалии террористӣ ва гуруҳҳои ифротгаро мекӯшанд таъсири худро дар минтақа афзоиш диҳанд.

«Мо имкон дорем ва бояд ба таҳкими имконоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон тавассути ташкили ба омӯзиш фаро гирифтани кормандони пулис ва кинологҳо мусоидат намоем ва дар ҳамдастӣ бо Дафтари САҲА соли 2010 чунин омӯзишро барпо карда, идомаи онро низ мувофиқи мақсад медонем», – гуфтааст ӯ.

Ӯ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки аз таҷрибаи САҲА бобати дар Тоҷикистон таъсис додани Омӯзишгоҳи олии марзбонӣ, ки дар он сарҳадбонони афғон ва дигар кишварҳои минтақа такмили касб мекунанд, низ истифода шавад.

Генерал Раҳимов бори дигар хотиррасон намудааст, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир қарор дошта, нахуст дар роҳи таҳдиду чолишҳои нав монеъ мешавад ва аз ин рӯ, мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам чун мақомоти Афғонистон ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар Рамазон Раҳимов аз Котиботи САҲА боздид намуда, бо як зумра мансабдорони воломақоми ин созмон гуфтушунид анҷом додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.