Агентии зиддифасод: Ф.Умаров таҳти тафтишот қарор дорад

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ноҳияи Фархор Фаридун Умаров, ки бародари муовини аввали Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Мансур Умаров аст, дар марҳилаи тафтишот қарор дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, Ф.Умаров аввали сол аз ҷониби ин […]

Наргис Ҳамробоева


Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ноҳияи Фархор Фаридун Умаров, ки бародари муовини аввали Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Мансур Умаров аст, дар марҳилаи тафтишот қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, Ф.Умаров аввали сол аз ҷониби ин ниҳод боздошт шуда, ҳамчунин як гурӯҳи ҷиноятпеша низ ошкор шуд, ки ба ҳайати он натанҳо шаҳрвандони қаторӣ, балки афсарони баландпояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ шомил буданд.

Ба иттилои манбаъ, нисбат ба Ф.Умаров мутобиқи моддаи 200, қ. 3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Айни замон ӯ ба мисли дигар аъзои гуруҳи ҷиноятпешаи безараршуда ба ҳабс гирифта шудааст. Аз рӯи ин парванда маводи собиткунандаи айб ҷамъоварӣ мешавад», – таъкид карданд дар агентӣ.

Дар яке аз нишастҳои хабарӣ раиси Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор карда буд, ки «ҳеҷ яке аз гурууҳҳои қочоқбарони нашъа бидуни пуштибонии мансабдорони баландпоя амал намекунад».

Пас аз ҳабси Рустам Ҳаитов, пешвои гурӯҳи ҷиноятпешаи қочоқбари нашъа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи Умаров ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуданд, ки аз қочоқбарон пуштибонӣ мекарданд. Гуруҳи Ҳаитов маводи мухаддиррро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистону Қазоқистон ба Русия интиқол медод.

Муайян карда шуд, ки ба ин гуруҳ афсарони баландрутаби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Ф.Умаров низ шомил будаанд. Ғайр аз ин, дар ҷараёни тафтишот сардори шуъбаи Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии ВКД Тоҷикистон майори милиса Зафар Мирзоев ва сардори шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии РКД шаҳри Душанбе подполковники милиса Тоҳирхон Шеров низ боздошт гардиданд.

Бино ба маълумоти Агентии зиддифасод, шахсони зикршуда ба ҷуз иштирок дар фаъолияти гуруҳи ҷиноятпеша, ҳамчунин бо ришваи зиёд афроди дар қочоқи маводи нашъаовар дастдоштаро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.