Куштори ваҳшиёнаи як зани 22-сола дар Ваҳдат

Дар шаҳри Ваҳдат куштори бераҳмонаи як зани 22-сола содир гардид. Тавре аз маркази матбуоти ВАзорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, шаҳрвандон Самадов Зафари 28-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Темур Собир, Абдуллоев Исматуллои 25-сола, сокини кӯчаи Рӯдакӣ  ва Саъдуллоев Дилшоди 26-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Мирзо Ризои шаҳри Ваҳдат дар содир намудани ҷинояти вазнин гумонбар дониста шудаанд. Ҳафтаи сипаришудаи соли […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Ваҳдат куштори бераҳмонаи як зани 22-сола содир гардид.

Тавре аз маркази матбуоти ВАзорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, шаҳрвандон Самадов Зафари 28-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Темур Собир, Абдуллоев Исматуллои 25-сола, сокини кӯчаи Рӯдакӣ  ва Саъдуллоев Дилшоди 26-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Мирзо Ризои шаҳри Ваҳдат дар содир намудани ҷинояти вазнин гумонбар дониста шудаанд. Ҳафтаи сипаришудаи соли равон шомгоҳ баъди нӯшидани машруботи «пиво» ва истеъмоли маводи мухаддир, дар қалбашон иштиёқи муносибатҳои маҳрамона бедор гардида, дар назди беморхонаи Марказии шаҳри Ваҳдат бо шаҳрванд Умронова Робия соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи кӯчаи Ватани шаҳри Ваҳдат вомехӯранд. Баъди бо ӯ шинос шудан ӯро ба самти Арбобдараи ноҳия мебаранд.

Ин тоифаи аз истеъмоли машрубот сархушу аз маводи мухаддир ақлгумкарда, баъди анҷом додани кирдори зишту бадахлоқона ва амали фосиқона бо шаҳрванд Умронова Р.  ба самти ноҳия ҳаракат мекунанд. Дар роҳи деҳаи Чиртак ҷабрдида аз ин кирдори зишти онҳо дар ғазаб шуда, изҳор менамояд, ки ба кормандони милитсия муроҷиат мекунад. Ҷавонони сархушу сармаст аз ин суханони ҷабрдида дар қаҳру ғазаб шуда, автомашинаро дар канори роҳ  манъ карда, номбурдаро бо як бераҳмии махсус бо корд дар ҳудуди дилаш ва гарданаш мезананд, ки ӯ аз бардоштани ҷароҳати сахти ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат марасад. Айни замон  ин гумонбаршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва нисбаташон аз тарафи Прократураи шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.