Вазъи саломатии шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистон каме вазнин аст

Date:


Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар робита ба фурӯрезии  бино дар шаҳри Москва аз вазъи 8 нафар шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти сафорат, онҳо дар ҳоли ҳозир дар шифохонаҳои гуногуни шаҳри Москва бистарӣ буда, айни замон вазъи саломатии чор нафар –  Умаров Аслан, Мустафоев Улмас, Эшмуродов Парвиз ва Ашӯров Аслиддин каме вазнин аст. «Вазъи саломатии дигар шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистон қаноатбахшу муътадил аст», – гуфта мешавад дар хабари сафорат.

Ёдрас мекунем, ки шаби 16 ба 17-уми апрели соли равон (тахминан соати 01.40) дар минтақаи ҷануби шаҳри Москва фурӯрезии биное ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 1 нафар фавтид ва беш аз 10 нафар, аз ҷумла 8 шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Сарраёсати КҲФ дар шаҳри Маскав, фурӯрезии бинои 6-ошёна дар натиҷаи риоя накардани ҷараёни технологӣ зимни баргузор намудани корҳо оид ба бетонрезии бомҳои миёни ошёнаҳо сурат гирифтааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...