Гази ӯзбекӣ ба корхонаҳои Хуҷанд дигар лозим нест

Ба корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дигар гази ӯзбекӣ лозим нест, – гуфт мудири шӯъбаи саноати мақомоти шаҳрдории Хуҷанд Абдураҳим Солиев. Ба гуфтаи вай, пас аз рӯйи кор омадани мушкилоти интиқоли гази Ӯзбекистон ба вилояти Суғд, тайи ду соли ахир корхонаҳои саноатӣ, ки газро ҳамчун маводи сӯзишворӣ истифода мекарданд, ба маводи сӯхти алтернативӣ, аз қабили мазуту […]

Бахтиёр Валиев


Ба корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дигар гази ӯзбекӣ лозим нест, – гуфт мудири шӯъбаи саноати мақомоти шаҳрдории Хуҷанд Абдураҳим Солиев.

Ба гуфтаи вай, пас аз рӯйи кор омадани мушкилоти интиқоли гази Ӯзбекистон ба вилояти Суғд, тайи ду соли ахир корхонаҳои саноатӣ, ки газро ҳамчун маводи сӯзишворӣ истифода мекарданд, ба маводи сӯхти алтернативӣ, аз қабили мазуту сӯзишвории дизелӣ ва ангишт гузаштаанд.

«Аз 62 адад корхонаҳои саноатии шаҳр 15-тоашон гази хориҷиро истифода мекарданд, вале айни замон онҳо аз истифодаи гази ӯзбекӣ даст кашидаанд», – мегӯяд Солиев.

Ба қавли номбурда, интиқоли гази Ӯзбекистон 31-уми март қатъ гардида, то ин дам бо он ҳамагӣ ду нуқтаи газпуркунии шаҳр таъмин мешудаанд.

«То қатъи интиқоли газ ба вилояти Суғд аз Ӯзбекистон дар як шабонарӯз аз 2200 то 4000 метри мукааб газ дода мешуд ва аҳолӣ бо он таъмин набуд», – гуфт ӯ.

Солиев мегӯяд, имрӯз ҳам ба вилоят аз Ӯзбекистон газ интиқол дода намешавад. «Муҳлати дубора барқарор шудани интиқоли он ба ман маълум нест. Шояд рӯзҳои наздик он барқарор гардад, зеро шаҳри Турсунзода айни замон бо он таъмин аст», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?