Баррасии омодагӣ ба конфронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон

Имрӯз дар Ашқобод вохӯрии дуюми омодагӣ ба конфронси Кобул оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назриев хабар дод, дар вохӯрии мазкур Тоҷикистонро сардори Раёсати Аврупо ва Амрикои вазорат Исматулло Насриддинов намояндагӣ мекунад. Дар вохӯрӣ баррасии масоили марбут […]

Виктория Наумова


Имрӯз дар Ашқобод вохӯрии дуюми омодагӣ ба конфронси Кобул оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назриев хабар дод, дар вохӯрии мазкур Тоҷикистонро сардори Раёсати Аврупо ва Амрикои вазорат Исматулло Насриддинов намояндагӣ мекунад.

Дар вохӯрӣ баррасии масоили марбут ба омодагӣ ба конфронси байнулмилалӣ оид ба мушкилоти Афғонистон, ки санаи 14-уми июни соли равон дар Кобул ба нақша гирифта шудааст, дар назар аст.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Туркменинформ», дар ҷараёни машварати омодагӣ лоиҳаҳои «Раванди Истамбул: рӯзномаи нав барои ҳамкории минтақавӣ дар «Қалби Осиё». Консепсияи амалисозии раванди Истамбул оид ба таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ барои Афғонистони амну устувор» ва Эъломияи Кобул мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.

Дар кори конфронс ҳайатҳои 15 кишвар, 14 давлати нозир ва ҳайатҳои 10 созмонҳои байнулмилаливу минтақавӣ ширкат меварзанд. Аз ҷумла иштироки ҳайатҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Британияи Кабир, Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, АМА, Покистон, Арабистони Саудӣ, ИМА, Туркия, Ӯзбекистон, Фаронса, Ҷопон ва дигар давлатҳо дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.