Оғози Анҷумани нахустини «Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон»

Имрӯз бори нахуст дар вилояти Хатлон дар базаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ анҷумани донишҷӯён дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ «Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон» баргузор мегардад. Тавре аз шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи анҷуман фаъолгардонии ҷавонон дар масоили истифодаи ТИК барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти […]

ASIA-Plus


Имрӯз бори нахуст дар вилояти Хатлон дар базаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ анҷумани донишҷӯён дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ «Ҷавонони рақамии вилояти Хатлон» баргузор мегардад.

Тавре аз шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи анҷуман фаъолгардонии ҷавонон дар масоили истифодаи ТИК барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошад. Дар анҷумани мазкур қариб 100 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон иштирок мекунанд. Аз онҳо 20 нафар лоиҳаву идеяҳои худро оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумлаи истифодаи ТИК дар ВАО, дар рушди иқтисодӣ, дар соҳаи тандурустӣ ва маориф муаррифӣ мекунанд.

Муаллифони се лоиҳаи беҳтарин, ки ҳакамон муайян мекунанд, аз ҷониби кумитаи тадорукоти анҷуман мукофотонида мешаванд. Ҳамчунин онҳо имконияти иштирок дар Лагери байналмилалии навовариҳои иҷтимоӣ (Social Innovation Camp – SICamp)-ро, ки моҳи майи соли 2012 дар Қазоқистон баргузор мегардад, пайдо мекунанд.

Анҷумани мазкурро намояндагии СҶ «Молодежь 21 века» дар Кӯлоб дар ҳамшарикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Маркази ҷавонону фарҳанги Кӯлоб ва ширкати «Мегафони Тоҷикистон» бо кӯмаки молиявии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.