Таваҷҷуҳи ҷиддии мақомот ба таъмири роҳҳо дар Кӯлоб

Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ҷиҳати аз Қумсангир овардани 20 тонна битум ба он ҷо якчанд автомашинаҳои махсусро фиристодааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Наврӯзов хабар дод, битумро Вазорати нақлиёти кишвар ройгон барои таъмири роҳҳои автомобилгард миёни маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Кӯлоб ҷудо кардааст. «Тайи 15 соли ахир дар аксари мавзеъҳо роҳҳо ниҳоят […]

Турко Дикаев


Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ҷиҳати аз Қумсангир овардани 20 тонна битум ба он ҷо якчанд автомашинаҳои махсусро фиристодааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Наврӯзов хабар дод, битумро Вазорати нақлиёти кишвар ройгон барои таъмири роҳҳои автомобилгард миёни маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Кӯлоб ҷудо кардааст.

«Тайи 15 соли ахир дар аксари мавзеъҳо роҳҳо ниҳоят хароб гардида, ҳаракати нақлиёт миёни баъзе деҳаҳо ғайриимкон шудааст», – гуфт корманди раёсати молия ва афзуд, ки аз 20 тонна битум 360 тонна асфалт ҳосил гардида, корҳои асфалтхобониро Раёсати маҳаллии истифодабарии роҳ анҷом медиҳад ва хароҷоти ин корро низ Вазорати нақлиёт пардохт мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Назаров мегӯяд, аз ҷониби мудирияти соҳавии Дастгоҳи иҷроияи президент нақшаи барқарорсозӣ, сохтмони роҳҳои нави автомобилгард миёни кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб дар маҷмуъ ба маблағи 37,5 млн. сомонӣ тасдиқ шудааст ва ин корҳо пас аз баргузории тендер ва дастгирии бурсии созмонҳои байнулмилалӣ анҷом дода мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.