Марзбонони нашъафурӯш ба 14 соли зиндон маҳкум шуданд

Суди низомии гарнизони Хатлон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар марзбононро ба муҳлати зиёд аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиа судя Исмоил Мирмахсумов хабар дод, муовини сардори посгоҳи марзбонии «Кокул», қисми низомии № 2133-и Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Наҷибулло Носиров ва прапоршики ин қисми низомӣ Диловар […]

Сайраҳмон Назриев


Суди низомии гарнизони Хатлон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар марзбононро ба муҳлати зиёд аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиа судя Исмоил Мирмахсумов хабар дод, муовини сардори посгоҳи марзбонии «Кокул», қисми низомии № 2133-и Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Наҷибулло Носиров ва прапоршики ин қисми низомӣ Диловар Даматов ба ҷурми машғул шудан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор муттаҳам дониста шудаанд.

Аз ҷониби суд исбот шудааст, ки Н.Носиров ҳамроҳ бо Даматов як миқдор маводи мухаддирро, ки ҳудуди 6,5 кило вазн дошт, фурӯхтанӣ шудаанд. Аммо 30-юми январи соли равон дар деҳаи Ҳисораки ноҳияи Фархор як корманди фаврии мақомот ҳамчун харидори шартӣ амал карда, ҳангоми фурӯши 5 килову 344 кило ҳашиш ва 1 килову 126 грамм афюн прапоршик Даматов боздошт мешавад. Дар асоси нишондодӣ ӯ ҳамроҳаш лейтенант Н.Носиров низ дастгир мегардад.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ гуноҳи айбдоршавандагон пурра исботи худро ёфт. Суд ҳар кадоме аз хизматчини ҳарбиро ба муддати 14 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум кард. Суд онҳоро ҳамчунин аз рутбаҳои ҳарбӣ низ маҳрум намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.