Имзои як қатор асноди қонунгузорӣ аз ҷониби президент

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» бори аввал қабул гардида, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳои ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ, доираи субъектон, намудҳои фаъолияти инноватсионӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ, инчунин дигар муносибатҳоро дар ин соҳаи муҳими фаъолияти иқтисодӣ танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади танзими низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда шудааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ, принсипҳои фаъолият ва вазъи ҳуқуқию иҷтимоии онҳоро танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии нотариати давлатӣ, вазифа ва принсипҳои фаъолияти нотариалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муносибатҳоро дар соҳаи амалисозии фаъолияти нотариати давлатӣ ва ба ҷо овардани амалҳои нотариалӣ танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати растаниҳо» муносибатҳоро вобаста ба муҳофизати растаниҳо танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо, инчунин дигар муносибатҳоро дар ин соҳа муайян менамояд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҷиҳати тарбияи наврасону ҷавон дар роҳи ҳаёти солим, танзими дақиқи ваколати вакилони ҷамоъат ва интихоботи онҳо, инчунин барои такмили фаъолият ва сохтори мақомоти мазкур равона карда шудаанд.

 Қонунҳои ба имзорасида ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ, такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, рушди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар равона карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.