ИМА ба Тоҷикистон мошини механикии минпоккорӣ тақдим кард

Date:


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон мошини безараргардонӣ аз минаҳои Mini Mine Wolf-ро тақдим намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафири ИМА Кен Гросс ва Ҷонишини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Грудына  дар маросими расмии ба Вазорати дифоъ тақдими мошини безараргардонӣ аз минаҳо Mini Mine Wolf суханронӣ намуданд.  

Барои дастгирии кӯшишҳои безараргардонии қаламрави Тоҷикистон аз минаҳо ва таъмини амнияти шаҳрвандони он сафорати ИМА дар якҷоягӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тоҷикистонии оиди масоили минаҳо ҳамкории зич намуданд. 

Дар давоми ду соли охир Вазорати мудофиа мошини безараргардонӣ аз минаҳо Mini Mine Wolf-ро аз Ҳукумати ИМА ба иҷора гирифта, онро барои безараргардонии минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди истифода қарор дод. Акнун Тоҷикистон соҳиби дастгоҳи аз масофаи дур идорашавандаи безараргардонӣ аз минаҳо мешавад.  Мошини безараргардонии бо арзиши 1 миллион доллари ИМА ҷараёни бехавфи безараргардониро бо дақиқате таъмин менамояд, ки қаламрави тозашуда бидуни санҷиши иловагӣ ҳамчун “тозашуда” сертификатсия дода шуда метавонад.

Илова бар ин дастгоҳи тақдимшуда САҲА коршиносони фаннии барои ҳамоҳангсозии истифодаи беҳтарини дастгоҳи мазкур заруриро таъмин менамояд.

Харидорӣ ва тақдими мошинаи безараргардонӣ аз минаҳо аз ҷониби Барномаи Ҳукумаи ИМА оид ба маблағгузории сохторҳои ҳарбии хориҷӣ маблағгузорӣ шуда аз ҷониби Бахши Сафорати ИМА оид ба ҳамкории ҳарбӣ ҳамоҳанг карда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...