ИМА ба Тоҷикистон мошини механикии минпоккорӣ тақдим кард

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон мошини безараргардонӣ аз минаҳои Mini Mine Wolf-ро тақдим намуд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафири ИМА Кен Гросс ва Ҷонишини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Грудына  дар маросими расмии ба Вазорати дифоъ тақдими мошини безараргардонӣ аз минаҳо Mini Mine Wolf суханронӣ намуданд.   Барои дастгирии […]

ASIA-Plus


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон мошини безараргардонӣ аз минаҳои Mini Mine Wolf-ро тақдим намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафири ИМА Кен Гросс ва Ҷонишини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Грудына  дар маросими расмии ба Вазорати дифоъ тақдими мошини безараргардонӣ аз минаҳо Mini Mine Wolf суханронӣ намуданд.  

Барои дастгирии кӯшишҳои безараргардонии қаламрави Тоҷикистон аз минаҳо ва таъмини амнияти шаҳрвандони он сафорати ИМА дар якҷоягӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тоҷикистонии оиди масоили минаҳо ҳамкории зич намуданд. 

Дар давоми ду соли охир Вазорати мудофиа мошини безараргардонӣ аз минаҳо Mini Mine Wolf-ро аз Ҳукумати ИМА ба иҷора гирифта, онро барои безараргардонии минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди истифода қарор дод. Акнун Тоҷикистон соҳиби дастгоҳи аз масофаи дур идорашавандаи безараргардонӣ аз минаҳо мешавад.  Мошини безараргардонии бо арзиши 1 миллион доллари ИМА ҷараёни бехавфи безараргардониро бо дақиқате таъмин менамояд, ки қаламрави тозашуда бидуни санҷиши иловагӣ ҳамчун “тозашуда” сертификатсия дода шуда метавонад.

Илова бар ин дастгоҳи тақдимшуда САҲА коршиносони фаннии барои ҳамоҳангсозии истифодаи беҳтарини дастгоҳи мазкур заруриро таъмин менамояд.

Харидорӣ ва тақдими мошинаи безараргардонӣ аз минаҳо аз ҷониби Барномаи Ҳукумаи ИМА оид ба маблағгузории сохторҳои ҳарбии хориҷӣ маблағгузорӣ шуда аз ҷониби Бахши Сафорати ИМА оид ба ҳамкории ҳарбӣ ҳамоҳанг карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.