Ҷаримабандии мансабдорони Хатлон барои истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои хизматӣ

Мансабдорони вилояти Хатлон барои истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати зиддифасоди вилояти Хатлон Ҳикматулло Исматов хабар дод, дар ҷараёни санҷиши филиали ҶС «Тоҷиктелеком дар вилояти Хатлон ошкор шудааст, ки 26 нафар шахсони масъул – кормандони муассисаҳои давлатӣ аз ваколатҳои мансабӣ суистеъмол […]

Сайраҳмон Назриев


Мансабдорони вилояти Хатлон барои истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати зиддифасоди вилояти Хатлон Ҳикматулло Исматов хабар дод, дар ҷараёни санҷиши филиали ҶС «Тоҷиктелеком дар вилояти Хатлон ошкор шудааст, ки 26 нафар шахсони масъул – кормандони муассисаҳои давлатӣ аз ваколатҳои мансабӣ суистеъмол намуда, телефонҳои хизматиро барои эҳтиёҷоти шахсии худ истифода кардаанд.

«Миёни онҳо сардухтури санитарии ноҳияи Қубодиён Эсӣ Олимов, сардори Раёсати молияи ноҳияи Мӯъминобод Давлатхӯҷа Мирмаҳмадов, сардори агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуғл ва муҳоҷирати ноҳияи Носири Хусрав Шарифхон Мадалиев ва дигарон ҳузур дошта, дар маҷмуъ 26 нафар мансабдорон ба маблағи то 800 сомонӣ ҷаримабандӣ ва ҳаҷми умумии ҷарима 21 ҳазор сомониро ташкил дод», – гуфт вай.

Қобили зикр аст, ки соли равон кормандони Раёсати зиддифасоди вилоят зимни санҷиши фаъолияти 63 корхонаву муассисаҳои давлатӣ дар ҳаҷми 3 млн. 305 ҳазору 331 сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардаанд. Зимни санҷиш аз ҳаҷми умумии зарар 2 млн. 522,9 ҳазор сомонӣ (76,3%) барқарор карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.