Шарҳи Росселхознадзор бобати манъи вуруди маҳсулоти растанӣ аз Тоҷикистон

Росселхознадзор сабабҳои аз 16-уми апрел муваққатан манъ кардани вуруди маҳсулоти растанӣ ба Русия дар бағочи дастии мусофирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷонро шарҳ дод. Дар изҳороти интишоршуда дар сомонаи расмии Росселхознадзор гуфта мешавад, шуруъ аз соли 2011 ин ниҳод мақомоти ваколатдор дар соҳаи карантини растаниҳои се кишвари дар боло зикршударо се маротиба огоҳ кардааст, ки […]

Виктория Наумова/Пайрав Чоршанбиев


Росселхознадзор сабабҳои аз 16-уми апрел муваққатан манъ кардани вуруди маҳсулоти растанӣ ба Русия дар бағочи дастии мусофирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷонро шарҳ дод.

Дар изҳороти интишоршуда дар сомонаи расмии Росселхознадзор гуфта мешавад, шуруъ аз соли 2011 ин ниҳод мақомоти ваколатдор дар соҳаи карантини растаниҳои се кишвари дар боло зикршударо се маротиба огоҳ кардааст, ки дар маҳсулоти таҳти назорати карантинӣ қарордоштае, ки мусофирон тавассути бағочи дастӣ ба Русия ворид месозанд, объектҳои карантинӣ ошкор шудаанд ва дар сурати тадбирҳои пешгирӣ накардани он, чораҳои фитосанитарӣ шадидтар карда мешаванд.

«Сарфи назар аз ин, дар робита ба ин масъала аз ҷониби мақомоти дахлдори ин кишварҳо тадбирҳои зарурии пешгирӣ андешида нашуданд ва вуруди маҳсулоти таҳти назорати карантинӣ қарордошта дар бағочи мусофирон идома дошт», – омадааст дар изҳорот.

Бино ба маълумоти Росселхознадзор, аз аввали соли 2011 то моҳи марти соли 2012 беш аз 360 ҳодисаи ошкор шудани объектҳои карантинӣ дар маҳсулоти тавассути бағочи мусофирон аз ин кишарҳо воридшаванда ошкор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Хадамоти нозироти давлатӣ оид ба фитоснитария ва карантини растаниҳои Вазорати кишоварзии ҶТ Ворис Мадаминов мегӯяд, дар ин хусус ба онҳо аз Росселхознадзор мактуби расмӣ нарасидааст, вале бо чораҳои андешидаи ин ниҳод онҳо аз сарчашмаҳои дигар шинос шудаанд.

Мадаминов ҷой доштани мушкилоти ба Русия аз Тоҷикистон тавассути бағочи мусофирон ворид шудани маҳсулоти растании таҳти назорати карантинӣ қарордоштаро эътироф карда изҳор мекунад, ки аксари мусофирон ҳангоми аз қайд гузаштан ба нозирони хадамот дар бораи дар бағочашон мавҷуд будани маҳсулоти растании таҳти назорати карантинӣ қарордошта хабар намедиҳанд.

«Дар тамоми фурудгоҳу вокзалҳо нозирони хадамоти мо фаъолият дошта, дар сурати аз ҷониби мусофирон ба ташхис пешниҳод намудани маҳсулоти растании дар бағоч мавҷудбуда, ки таҳти назорати карантинӣ қарор дорад, он мавриди санҷиш қарор мегирад ва мусофир бо асноди зарурии ба талабот ҷавобгӯ будани он таъмин карда мешавад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.