Гул Шералӣ ба чиноиҳо сабабҳои буҳрони энергетикиро шарҳ дод

Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати Шӯрои миллии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба энергетика ва барқ, бо роҳбари муовини сардори Институти умумихитоии илмӣ-тадқиқотӣ оид ба нерӯи барқ Ҷаноби Сюй Сяодун баргузор гардид. Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати Шӯрои миллии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба энергетика ва барқ, бо роҳбари муовини сардори Институти умумихитоии илмӣ-тадқиқотӣ оид ба нерӯи барқ Ҷаноби Сюй Сяодун баргузор гардид.

Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Гул Шералӣ оид ба захираҳои энергетикии ҷумҳурӣ, шароити таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ, маҳдудияти он дар фасли тирамоҳу зимистон ва имконияти тавлиди зиёди нерӯи барқ дар мавсими тобистон, сохтмони ХИБ-ҳо дар ҷумҳурӣ, лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 ибрози назар намуда, ба роҳ мондани ҳамкориҳоро миёни ду кишвар дар самти энергетика ва саноат мавриди мақсад арзёбӣ намуд.

Ҷаноби Сюй Сяодун пешниҳоди лоиҳаҳоро дар соҳаҳои энергетика, саноат ва баррасӣ намудани онҳоро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай муҳим арзёбӣ намуда, ҳамчунин оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ, густариши муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи энергетика, барқ ва дар доираи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ибрози назар намуд.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳад ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.