Тақвияти мубориза зидди қочоқи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон

Date:


Нахуствазири Қирғизистон Омурбек Бабанов бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш оид ба масъалаи ғайриқонунӣ аз қаламрави Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол ёфтани маводи сӯзишворӣ машврат доир намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон, дар машварат зикр гардидааст, ки айни замон дар робита ба ҷой доштани ҳодисаҳои қочоқи маводи сӯзишворӣ аз вилояти Ботканди Қирғизистон ба Тоҷикистон 22 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

О.Бабанов зарурати таҳкими назорат аз болои иҷрои қарори ҳукумат дар бораи муваққатан манъ кардани содироти маҳсулоти нафтӣ аз кишварро таъкид сохтааст. Губернатори вилояти Ботканд Жениш Раззоқов ба роҳбарии Ситоди ҳамоҳангсоз муваззаф гардида, Отахонов уҳдадор шуд, ки фаъолияти мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самтро танзим намояд.

Ғайр аз ин, Бабанов ба Хадамоти давлатии андоз ҷиҳати тақвияти назорат аз болои риояи қонунгузории андоз дар қисмати воридот ва фурӯши маводи сӯзишворӣ супориш додааст.

Ёдрас мекунем, ки Қирғизистон дар муқоиса бо Тоҷикистон маводи сӯзишвориро аз Русия нисбатан бо қимати арзонтар дастрас мекунад, зеро аз пардохти боҷи содиротӣ барои маҳсулоти рӯшани нафтии Русия озод аст. Тоҷикистон бошад, муддати ду сол аст, ки масъалаи озод шудан аз боҷи содиротӣ барои маҳсулоти нафтии Русияро ҳал карда наметавонад. Аз ин рӯ, тафовути назарраси нарх ба маводи сӯзишворӣ дар ду кишвар ба қочоқи он боис шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...