Пуштибонии CММ аз амалисозии барномаҳои энергетикии Тоҷикистон

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари ҳайати Комиссияи олии СММ оид ба татбиқи ташаббуси «Энергияи устувор барои ҳама» Луис Горатсио Гомес Ечеверри-ро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону СММ, пеш аз ҳама дар соҳаи обу […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари ҳайати Комиссияи олии СММ оид ба татбиқи ташаббуси «Энергияи устувор барои ҳама» Луис Горатсио Гомес Ечеверри-ро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону СММ, пеш аз ҳама дар соҳаи обу энергетика ва таъмини рушди устувор, баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Дабири кулли СММ – ро доир ба «Энергияи устувор барои ҳама» «идомаи мантиқии саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт» номида, аз пазируфта шудани Тоҷикистон чун яке аз 5 кишвари пилотӣ (озмоишӣ) дар ин барнома изҳори хушнудӣ намуд.

 Хотиррасон гардид, ки тибқи иқдоми «Энергияи устувор барои ҳама» ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд то соли 2030 ба 3 ҳадафи асосӣ дастёб шавад. Инҳо дастрасии умумӣ ба энергия, ду баробар зиёд шудани фоида аз самарабахшии энергетикӣ ва ду баробар афзун намудани истеҳсоли энергияи таҷдидшаванда дар ҷаҳон мебошанд. Дар ин муддат бояд дастрасӣ ба нерӯи барқ барои 1,3 миллиард нафар ва ба сӯзишворӣ барои 2,7 миллиард кас аз аҳолии сайёра, ки ҳоло аз ин неъматҳои моддӣ маҳруманд, таъмин гардад.

Луис Горатсио Гомес Ечеверри ба иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу энергетика ва дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ ин кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолу ташаббускор хоҳад буд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон чун кишвари пилотӣ (озмоишӣ) дар татбиқи иқдоми «Энергияи устувор барои ҳама» дар амалӣ намудани барномаҳои энергетикии худ аз кумакҳои фаровони ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдор хоҳад буд, зеро мардуми кишвар ба нерӯи устувори барқ дар ҳамаи фаслҳои сол дастрасӣ надоранд.

 Мусоҳибон ба дурнамои рушди соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки он яке аз манбаъҳои асосии энергияи таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар мебошад.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваччуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.