Тақвияти мубориза зидди қочоқи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон

Нахуствазири Қирғизистон Омурбек Бабанов бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш оид ба масъалаи ғайриқонунӣ аз қаламрави Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол ёфтани маводи сӯзишворӣ машврат доир намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон, дар машварат зикр гардидааст, ки айни замон дар робита ба ҷой доштани ҳодисаҳои қочоқи маводи сӯзишворӣ аз вилояти Ботканди Қирғизистон ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Нахуствазири Қирғизистон Омурбек Бабанов бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш оид ба масъалаи ғайриқонунӣ аз қаламрави Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол ёфтани маводи сӯзишворӣ машврат доир намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон, дар машварат зикр гардидааст, ки айни замон дар робита ба ҷой доштани ҳодисаҳои қочоқи маводи сӯзишворӣ аз вилояти Ботканди Қирғизистон ба Тоҷикистон 22 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

О.Бабанов зарурати таҳкими назорат аз болои иҷрои қарори ҳукумат дар бораи муваққатан манъ кардани содироти маҳсулоти нафтӣ аз кишварро таъкид сохтааст. Губернатори вилояти Ботканд Жениш Раззоқов ба роҳбарии Ситоди ҳамоҳангсоз муваззаф гардида, Отахонов уҳдадор шуд, ки фаъолияти мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самтро танзим намояд.

Ғайр аз ин, Бабанов ба Хадамоти давлатии андоз ҷиҳати тақвияти назорат аз болои риояи қонунгузории андоз дар қисмати воридот ва фурӯши маводи сӯзишворӣ супориш додааст.

Ёдрас мекунем, ки Қирғизистон дар муқоиса бо Тоҷикистон маводи сӯзишвориро аз Русия нисбатан бо қимати арзонтар дастрас мекунад, зеро аз пардохти боҷи содиротӣ барои маҳсулоти рӯшани нафтии Русия озод аст. Тоҷикистон бошад, муддати ду сол аст, ки масъалаи озод шудан аз боҷи содиротӣ барои маҳсулоти нафтии Русияро ҳал карда наметавонад. Аз ин рӯ, тафовути назарраси нарх ба маводи сӯзишворӣ дар ду кишвар ба қочоқи он боис шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.