Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон оид ба тағйир додани номи шаҳр, шаҳрак, деҳот ва деҳаҳои вилояти Суғд ба тасвиб расид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, шаҳраки КИМ-и шаҳри Исфара ба Нурафшон, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров деҳоти Қистакӯз- Хистеварз, Қатаған-Зарзамин, Ӯткансой-Чашмасор, шаҳри Табошар- Истиқлол, дар ноҳияи Ғончӣ- номи деҳаҳои Қизилӣ ба Лолазор, Қийғир ба Шоҳин, Мӯрияк ба Офтобрӯ, деҳоти Ленинобод ба Чорбоғ, Коммунизм ба Зарҳалол, Фрунзе ба Сабристони шаҳри Истаравшан, деҳоти Ҷарбулоқ ба Ориён ва Қамишқӯрғон ба Меҳробод дар ноҳияи Ашт, дар шаҳри Конибодом деҳаҳои Қайроғоч ба Ободон, Каттақишлоқ ба Хуррамобод, Янги Кӯчкакӣ ба Сомониён номгузорӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Панҷакент деҳаҳои Ғарибак – Озодагон, Каттақишлоқ- Хуррамобод, Советобод ба Рукнобод, Зарангбош ба Зарфишон, дар ноҳияи Шаҳристон деҳаҳои Холдорқипчоқ- Ободӣ, Қӯшқӯрғон- Суғдиён, Янгиқурғон- Навкент, Қарибчӣ-Гулистон, Тавоқбулоқ- Чашма, Куллиқӯтан – Ҳисор, Бӯраген- Фирдавсӣ, Ҷарқӯтан ба Турсунзода, Қаерма- Ваҳдат, Ишқилӣ – Бӯстон, Кенгкӯл- Истиқлол ва Ӯроқлӣ ба Темурмалик тағйири ном карданд.



