Оғози мурофиаи судии собиқ муовини сардори ШКД-и ноҳияи Қумсангир

Дар вилояти Хатлон баррасии парвандаи ҷиноии собиқ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов оғоз гардид. Мурофиаи аввали судӣ рӯзи 19-уми ноябр таҳти раёсати судяи суди вилояти Хатлон Маҳмудҷон Ғуломов баргузор шуд. Вакили мудофеи Наботов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, зерҳимояи ӯ мутобиқи моддаҳои 316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ), 319 (Гирифтани пора), […]

Сайраҳмон Назриев


Дар вилояти Хатлон баррасии парвандаи ҷиноии собиқ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов оғоз гардид.

Мурофиаи аввали судӣ рӯзи 19-уми ноябр таҳти раёсати судяи суди вилояти Хатлон Маҳмудҷон Ғуломов баргузор шуд.

Вакили мудофеи Наботов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, зерҳимояи ӯ мутобиқи моддаҳои 316 (Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ), 319 (Гирифтани пора), 314 (Суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ, 247 (Қаллобӣ) ва 358 (Боздошти ғайриқонунӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад.

Вакили мудофеи айбдоршаванда таъкид кард, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ айбнома тибқи моддаи 200-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) нисбат ба зерҳимояи ӯ бинобар сабаби исботи худро наёфтан бекор гардид.

Дар таърихи 7-уми октябри соли 2011 мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба муовини сардори ШКД-и ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқоннии маводи мухаддири ҳамин ноҳия Муҳаммад Шарифов мутобиқи шаш моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд.

Дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки кормандони милиса бо мақсади минбаъд тамаъ кардани пора ба дохили автомашинаи яке аз соҳибкорони маҳаллӣ маводи нашъаовар партофтанӣ шудаанд ва ин ҳодиса боиси боздошти онҳо шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.