Оғози маъракаи миллии эмгузаронӣ бар зидди дифтерия

Бо мақсади мӯътадилгардонии вазъияти эпидемиологии бемории гулўзиндонак (дифтерия) Вазорати тандурустӣ қарор дод, ки Рӯзҳои миллии эмгузарониро гузаронад. Рузҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди гулӯзиндонак дар ҷумҳурӣ аз 23  то 28 апрели соли  2012 дар байни кўдакони  аз 3 то 6-сола бо ваксинаи АДС гузаронида мешавад. Дар маҷмўъ 730 031 кўдакон эм карда хоҳанд шуд. Дар рафти […]

ASIA-Plus


Бо мақсади мӯътадилгардонии вазъияти эпидемиологии бемории гулўзиндонак (дифтерия) Вазорати тандурустӣ қарор дод, ки Рӯзҳои миллии эмгузарониро гузаронад.

Рузҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди гулӯзиндонак дар ҷумҳурӣ аз 23  то 28 апрели соли  2012 дар байни кўдакони  аз 3 то 6-сола бо ваксинаи АДС гузаронида мешавад. Дар маҷмўъ 730 031 кўдакон эм карда хоҳанд шуд. Дар рафти Рӯзҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди гулӯзиндонак сатҳи фарогирӣ на кам аз 95%  бояд таъмин карда шавад.

Гулўзиндонак бемории сироятии токсикӣ буда, барангезандаи беморӣ коринобактерияҳои гулўзиндонак (С. diphtheriae) мебошанд, ки токсини барои организми одам зарароварро хориҷ мекунанд. Роҳи асосии сироятёбӣ тавассути ҳаво, инчунин  асбобҳои рўзгори сироятёфта  (бозичаҳои мулоим  ва ғайра) мебошад.

Намуди аз ҳама бештар паҳншудаи беморӣ осеб дидани бинӣ ва гулў, инчунин ғадудҳои бодомшакл мебошад. Ба бемории гулўзиндонак ҳам кўдакон ва ҳам калонсолон гирифтор мешаванд. Нуқсонҳои вазнини гулўзиндонак  дар мадди аввал миокардит, инчунин газаки роҳҳои нафас ба ҳисоб рафта, аслан боиси марганҷомӣ мешавад. Аз ин рў, танҳо эмгузаронӣ метавонад кўдаки шуморо аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.