Ташрифи Сергей Лавров ба Душанбе

Имрӯз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафари вазири корҳои хориҷии Русия дар остонаи 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия, ки 8-уми апрели соли 1992 барқарор шуда буданд, сурат мегирад. Дар доираи сафари С.Лавров ба Душанбе дидору гуфтушунинди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои […]

Виктория Наумова


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафари вазири корҳои хориҷии Русия дар остонаи 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия, ки 8-уми апрели соли 1992 барқарор шуда буданд, сурат мегирад.

Дар доираи сафари С.Лавров ба Душанбе дидору гуфтушунинди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар намояндагони мақомоти раҳбарии Тоҷикистон дар назар аст.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Ваорати корҳои хориҷии Русия, дар гуфтушунидҳо баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва ҳамчунин самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар сохторҳои минтақавӣ, аз қабили ИДМ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Созмони ҳамкории Шанхай ба нақша гирифта шудааст.

«Дар Русия мутмаинанд, ки сафари расмии вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии сатратегӣ миёни кишварҳо саҳми арзанда хоҳад гузошт», – таъкид мегардад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки дар маросими ифтитоҳи бинои Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Русияро шарики асосии стратегии Тоҷикистон номбар карда, аз Русия даъват карда буд, ки манфиатҳои Тоҷикистонро ба инобат гирад. Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, Русия дар Тоҷикистон дорои иншоотест, ки дар дигар кишварҳои минтақи Осиёи Марказӣ мавҷуд нест. Ба сифати мисол Э.Раҳмон пойгоҳи низомии 201-ум ва маҷмааии кайҳонии «Окно»-ро номбар кард.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, Русия шарики пешсафи тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Ҳамин тариқ, аз рӯйи натиҷаҳои соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо беш аз 1 млрд. 36 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки 961 млн. доллараш ба воридоти маҳсулот аз Русия рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.