Паёми президент ба муҳоҷирон дастрас мегардад

Дар шумораи имрӯзаи нашрияи «Тоҷикони Россия» паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони ҷумҳурӣ ба чоп расид. Дар мусоҳиба ба хабарнигори «ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиа-холдинги тоҷикии Tajinfo, муассиси нашрия Муҳаммади Эгамзод изҳор кард, ки феълан дар Русия ва дигар кишварҳои ҳаммарзи он тақрибан 1 млн. нафар тоҷикистониён кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо низ ба шиноосӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар шумораи имрӯзаи нашрияи «Тоҷикони Россия» паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони ҷумҳурӣ ба чоп расид.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори «ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиа-холдинги тоҷикии Tajinfo, муассиси нашрия Муҳаммади Эгамзод изҳор кард, ки феълан дар Русия ва дигар кишварҳои ҳаммарзи он тақрибан 1 млн. нафар тоҷикистониён кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо низ ба шиноосӣ бо ин санади тақдирсоз ҳуқуқ доранд.

«Айни замон ҷаҳонбинии муҳоҷирони меҳнатӣ хеле тавсеа ёфта, дар шабакаҳои интернетӣ мо шоҳиди  мубоҳисаҳои пурҷӯшу хурӯш дар робита ба ин ё он масъалаи муҳими вобаста ба Тоҷикистон мегардем. Аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ба ин тамоил тасмим гирифтем, ки матни комили паёми сарвари давлатро дар 12 саҳифаи нашрия ҷой диҳем», – гуфт ӯ.

Ба қавли Эгамзод, паҳнкунии нашрия дар тамоми манотиқи Русия, ки дар онҳо тащкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон расман амал мекунад, дар назар аст. «Ғайр аз ин, мо бо хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар шаҳрҳои Минску Киев ва роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар Украинаву Белорус дар робита ба паҳн кардани паём дар тамос шуда ба мувофиқа расидем ва имрӯз нусхаи нашрия ба ин кишварҳо фиристода мешавад», – гуфт вай.

Номбурда афзуд, дар шумораҳои минбаъдаи нашрияи «Тоҷикони Россия» ба чоп расонидани андешаҳои хонандагон нисбат ба паёми президент ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.