Оғози содироти маҳсулоти МОИ «Суғд» ба Афғонистон

Содироти маҳсулоти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба Афғонистон оғоз гардида, ин нахустин кишвари хориҷи дур хоҳад буд, ки содироти маҳсулоти минтақа ба он роҳандозӣ мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали роҳбари МОИ «Суғд» Ӯктам Норматов хабар дод, айни замон миёни яке аз субъектҳои минтақа ва шарикони имконпазир аз Афғонистон бобати содироти рангҳои синтетикӣ гуфтушунид […]

Бахтиёр Валиев


Содироти маҳсулоти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба Афғонистон оғоз гардида, ин нахустин кишвари хориҷи дур хоҳад буд, ки содироти маҳсулоти минтақа ба он роҳандозӣ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали роҳбари МОИ «Суғд» Ӯктам Норматов хабар дод, айни замон миёни яке аз субъектҳои минтақа ва шарикони имконпазир аз Афғонистон бобати содироти рангҳои синтетикӣ гуфтушунид меравад.

«Айни замон маҳсулоти дар минтақаи озодӣ иқтисодӣ истеҳсолшуда танҳо ба Қазоқистону Қирғизистон содирот шуда, қисмате аз он дар бозори маҳаллӣ ба фурӯш бароварда мешавад», – гуфт вай.

Ба гуфтаи Норматов, феълан аз 18 субъекти дар минтақа сабтшуда ҳамагӣ 6-тоаш ба истеҳсоли маҳсулот машғуланд, ки инҳо корхонаҳои муштарак бо Полшаву, Туркия ва Кипру Русия буда, қубурҳои пластикӣ, маснуъоти рангиву лакӣ, пойгоҳҳои обкашӣ, коллекторҳои обгармкуни офтобӣ ва зарфи пластикӣ барои сабзавоту мева истеҳсол менамоянд.

«Айни замон ҳаҷми сармоягузории эълоншуда дар МОИ «Суғд» ҳудуди 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Соли 2011 дар минтақа ба маблағи 11 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд. Маҳсулоти истеҳсолшуда дар семоҳаи аввали соли равон бошад, аллакай ба 3,2 млн. сомонӣ баробар шуд. Ояндаи наздик дар минтақа истеҳсоли сохтору ҷузъҳои дару тирезаҳо шуруъ мешавад», – афзуд муовини аввали роҳбари минтақа.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.