Ҷонибдории бурси БОР барои сохтмони роҳи Душанбе-марзи Ӯзбекистон

Date:


Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи бурсӣ байни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР) оид ба лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистонро маъқул шуморид.

Созинома дар бораи пешниҳоди бурс моҳи январи соли гузашта ба имзо расида, мутобиқи он, БОР барои татбиқи ин лоиҳа ба Тоҷикистон 120 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад.

Зимни шарҳи масъалаи мазкур ба вакилон вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки барои азнавсозиву беҳбуди роҳи мошингарди мазкур 186 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.

«Дар баробари маблағҳои БОР ҳукумати Тоҷикистон низ баҳри татбиқи ин лоиҳа 39 млн. доллари ИМА маблағ ихтисос дода, дар робита ба масъалаи дарёфти маблағи боқимонда дар ҳаҷми боз 27 млн. доллари ИМА бо Бонки таҷдиду рушди Аврупо гуфтушунид анҷом дода шуда, ояндаи наздик аз имзои созишномаи қарзӣ бо ин бонк барои ҷалби маблағ ба ин лоиҳа интизорӣ меравад», – иброз дошт вазири молия.

Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...