Бо қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода санаи 26 апрел дар қаламрави вилоят Рӯзи ёдбуди иштирокчиёни рафъи садамаи Чернобил гузаронида мешавад.
Дар қарори раиси вилоят гуфта мешавад, ин чорабинӣ бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни садамаи нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил (Белорус) созмон дода мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳайъати кумитаи тадорукоти Рӯзи ёдбуд таҳти раисии муовини якуми Раиси вилоят Сангинов Ҷ.Р. тасдиқ гардида, баргузор намудани вохӯриву сӯҳбатҳо бо иштирокчиёни садама, шиносоӣ бо вазъи зиндагонӣ, мусоидат ба табобат ва ҳифзи саломатии онҳо, аёдати оилаҳои фавтидагон, таъмири оромгоҳҳои бартарафкунандагони садама дар нақша ҷой дорад.


