Хатсайри нави Хуҷанд-Барнаули ширкати «Сомон Эйр»

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба самти Хуҷанд-Барнаул хатсайри нави ҳавоӣ боз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкат иттилоъ доданд, парвози нахустин рӯзи 24-уми апрели соли равон анҷом дода шуд. Парвозҳо дар ду ҳафта як маротиба рӯзҳои сешанбе сурат мегиранд. Арзиши билет аз Хуҷанд 250 Евро ва аз Барнаул ба самти Хуҷанд аз […]

Виктория Наумова


Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба самти Хуҷанд-Барнаул хатсайри нави ҳавоӣ боз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкат иттилоъ доданд, парвози нахустин рӯзи 24-уми апрели соли равон анҷом дода шуд. Парвозҳо дар ду ҳафта як маротиба рӯзҳои сешанбе сурат мегиранд.

Арзиши билет аз Хуҷанд 250 Евро ва аз Барнаул ба самти Хуҷанд аз 120 Евро ва болотар аз онро ташкил медиҳад. Бо ҳавопаймои аввалин ба ин самт 148 нафар мусофирон ба Барнаул раҳсипор шуданд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соли 2008 ба фаъолият оғоз кард. Феълан ширкат дорои 5 ҳавопаймо – Боинг 737-300, ду Боинги 737-800 ва ду Боинги 737-900 аст. Айни замон Ширкати «Сомон Эйр» парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майн (Олмон), Дубай (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷидда (Арабистони Саъудӣ), Симферопол (Украина), Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт-Петрбург, Красноярск, Ханти-Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижневартовск (Русия)-ро ба анҷом мерасонад.

Ғайр аз ин аз шаҳри Хуҷанд мунтазам парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Красноярску Санкт-Петербург, Оренбург, Нижневартовск, Екатеринбург, Ханти-Мансийск, Қазон, Тюмен, Иркутск ва Новосибирск анҷом дода мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.