Хисороти сел ба ноҳияи Ғончии вилояти Суғд

Ноҳияи Ғончии вилояти Суғд аз селфароии имсола хисороти зиёд бардошт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Ғончӣ Рустамҷон Ҷӯраев хабар дод, дар деҳаи Угук 40 сар чорвои сокинони маҳаллӣ қурбони сел гардида, 1,7 гектар замини кишти картошкаро сел шустааст. Дар рустои Метк офати табиӣ ба 100 километр роҳ, ду сарбанди садди сел ва […]

Бахтиёр Валиев


Ноҳияи Ғончии вилояти Суғд аз селфароии имсола хисороти зиёд бардошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Ғончӣ Рустамҷон Ҷӯраев хабар дод, дар деҳаи Угук 40 сар чорвои сокинони маҳаллӣ қурбони сел гардида, 1,7 гектар замини кишти картошкаро сел шустааст. Дар рустои Метк офати табиӣ ба 100 километр роҳ, ду сарбанди садди сел ва 7 гектар заминҳои кишти картошка зарар расонидааст.

Дар ҷамоати Муҷум сел ду пулро хароб сохтааст, ки яке аз онҳо чанде қабл ба истифода дода шуда, барои бунёди он 4,5 млн. сомонӣ маблағ масраф гардида буд.

Гуфта мешавад, дар макони офат корҳои барқарорсозӣ оғоз гардида, хушбахтона, хароб шудани манзили зист ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаҷми зарар муайян карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.