Тоҷикистон дар рейтинги Freedom House се зина пойин шуд

Date:


Дар рейтинги озодии ВАО-и созмони ғайриҳукуматии Freedom House ё «Хонаи Озодӣ» Тоҷикистон се зина пойин рафт. Дар ҳамин ҳол, баҳои умумии озодии баён дар Тоҷикистон дар сатҳи «ғайриозод» боқӣ мондааст. Рейтинг дар сомонаи созмон интишор шудааст.

Дар рейтинги кунунӣ Тоҷикистон бо касби 79 балл дар зинаи 171-ум қарор гирифтааст. Соли пеш дар гузориши Freedom House Тоҷикистон бо 78 балл бо Эфиопияву Судон дар мақоми 168 ҷойгир шуда буд.

Дар рейтинги ин созмон вазъи озодии матбуот дар 197 кишвари дунё таҳлил шуда, дар 66 кишвар ВАО пурра озод, дар 72 давлат қисман ва дар 59 кишвар ғайриозод арзёбӣ шудаанд.

Дар рейтинг мақоми аввалро Финландия ишғол менамояд. Ба панҷгонаи беҳтарин ҳамчунин кишварҳои Норвегия, Шветсия, Белгия ва Дания низ шомиланд. ИМА зинаи 22-юм ва Русия бо Зимбабвеву Озарбойҷон мақоми 172-юмро касб кардаанд.

Қазоқистон зинаи 175, Қирғизистон мақоми 155-умро ишғол кардаанд.

Маъмулан Ӯзбекистон (мақоми 195-ум), Туркманистон (зинаи 196-ум) ва Кореяи Шимолӣ (ҷойи 197-ум) дар зинаҳои охири рейтинг ҷойгир шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...