Тоҷикистон дар рейтинги Freedom House се зина пойин шуд

Дар рейтинги озодии ВАО-и созмони ғайриҳукуматии Freedom House ё «Хонаи Озодӣ» Тоҷикистон се зина пойин рафт. Дар ҳамин ҳол, баҳои умумии озодии баён дар Тоҷикистон дар сатҳи «ғайриозод» боқӣ мондааст. Рейтинг дар сомонаи созмон интишор шудааст. Дар рейтинги кунунӣ Тоҷикистон бо касби 79 балл дар зинаи 171-ум қарор гирифтааст. Соли пеш дар гузориши Freedom House […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар рейтинги озодии ВАО-и созмони ғайриҳукуматии Freedom House ё «Хонаи Озодӣ» Тоҷикистон се зина пойин рафт. Дар ҳамин ҳол, баҳои умумии озодии баён дар Тоҷикистон дар сатҳи «ғайриозод» боқӣ мондааст. Рейтинг дар сомонаи созмон интишор шудааст.

Дар рейтинги кунунӣ Тоҷикистон бо касби 79 балл дар зинаи 171-ум қарор гирифтааст. Соли пеш дар гузориши Freedom House Тоҷикистон бо 78 балл бо Эфиопияву Судон дар мақоми 168 ҷойгир шуда буд.

Дар рейтинги ин созмон вазъи озодии матбуот дар 197 кишвари дунё таҳлил шуда, дар 66 кишвар ВАО пурра озод, дар 72 давлат қисман ва дар 59 кишвар ғайриозод арзёбӣ шудаанд.

Дар рейтинг мақоми аввалро Финландия ишғол менамояд. Ба панҷгонаи беҳтарин ҳамчунин кишварҳои Норвегия, Шветсия, Белгия ва Дания низ шомиланд. ИМА зинаи 22-юм ва Русия бо Зимбабвеву Озарбойҷон мақоми 172-юмро касб кардаанд.

Қазоқистон зинаи 175, Қирғизистон мақоми 155-умро ишғол кардаанд.

Маъмулан Ӯзбекистон (мақоми 195-ум), Туркманистон (зинаи 196-ум) ва Кореяи Шимолӣ (ҷойи 197-ум) дар зинаҳои охири рейтинг ҷойгир шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.