Бақияи қарзҳои бонкҳои ҷумҳурӣ 7,4% афзуд

Бақияи қарзҳои бонкҳо то охири семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 фоиз афзуд. Нишондиҳандаи мазкур то санаи 1 апрели соли равон бо пули миллӣ 1825,0 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2511,8 млн. сомониро ташкил дод. Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои […]

ASIA-Plus


Бақияи қарзҳои бонкҳо то охири семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 фоиз афзуд. Нишондиҳандаи мазкур то санаи 1 апрели соли равон бо пули миллӣ 1825,0 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2511,8 млн. сомониро ташкил дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 24,26 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 19,89 фоизи солона баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ паст мебошад.

Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда бинобар бештар гаштани талабот ба он, дар ин давра зиёд шуд ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,3 фоиз афзуд. Аз он ҷумла 140,2 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21,6 фоиз зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки дарёфт ва ҷалби маблағҳои озод, пешниҳоди саривақтии қарзҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкории хурду миёна ва табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар рушди бахши корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муассир дорад.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.