Мавҷи «Азия-Плюс» Хатлонро ҳам фаро гирифт

Радиои «Азия-Плюс» ба пахши мавҷҳо дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намуд. Акнун барномаҳои ин радио ба сокинони ҳам шаҳри Қӯрғотеппаву ҳам навоҳии гирду атрофи он, аз қабили Сарбанд, Вахш Румӣ ва Бохтар дастрас аст. Аудиторияи имконпазир дар минтақаи мазкур ҳудуди 450 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ин минтақа низ пахши барномаҳои […]

ASIA-Plus


Радиои «Азия-Плюс» ба пахши мавҷҳо дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намуд. Акнун барномаҳои ин радио ба сокинони ҳам шаҳри Қӯрғотеппаву ҳам навоҳии гирду атрофи он, аз қабили Сарбанд, Вахш Румӣ ва Бохтар дастрас аст.

Аудиторияи имконпазир дар минтақаи мазкур ҳудуди 450 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ин минтақа низ пахши барномаҳои радио чун дар пойтахт тавассути басомади 107 FM сурат мегирад. Интиқоли басомад тавассути дастгирии техникии ширкати «Вавилон-Т» амалӣ гардид.

Ёдрас мекунем, ки радиои «Азия-Плюс» нахустин радиои мустақили шаҳри Душанбе буда, 9-уми сентябри соли 2002 ба пахши барномаҳо оғоз кард. Радио ба шунавандагон бо ду забон – тоҷикиву русӣ барномаҳои иттилоотӣ ва фароғатӣ пешниҳод менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.