Тобистон нафақахӯрони Хуҷанд ба низоми пардохти кортӣ мегузаранд

Моҳи июни соли равон нафақахӯрони шаҳри Хуҷанд ба низоми пардохти кортӣ мегузаранд. Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» муовини роҳбари филиали № 23-и БДА «Амонатбонк» дар вилояти Суғд Бадриддин Аминов хабар дод, нимаи дуюми соли ҷорӣ натанҳо 14410 нафар нафақахӯрони шаҳри Хуҷанд, балки боз 31 ҳазор нафақахӯрони ноҳияҳои Истаравшану Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Қайроққум низ ба низоми […]

Бахтиёр Валиев


Моҳи июни соли равон нафақахӯрони шаҳри Хуҷанд ба низоми пардохти кортӣ мегузаранд.

Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» муовини роҳбари филиали № 23-и БДА «Амонатбонк» дар вилояти Суғд Бадриддин Аминов хабар дод, нимаи дуюми соли ҷорӣ натанҳо 14410 нафар нафақахӯрони шаҳри Хуҷанд, балки боз 31 ҳазор нафақахӯрони ноҳияҳои Истаравшану Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Қайроққум низ ба низоми пардохти нафақа тавассути корти бонкӣ гузаронида мешаванд.

«Айни замон ба ин шаҳру навоҳӣ 49 адад терминалҳо ирсол ва санҷида шуданд. Хазинадорон ва ҳайати шахсии хизматгузорӣ низ дар давраи омӯзишии дахлдор нозукиҳои чунин тарзи пешниҳоди хизматгузорио аз бар намуданд. Феълан кортҳо дар Русия мавриди таҳия қарор доранд», – гуфт вай ва афзуд, ки моҳи июн кортҳо ба нафақахӯрони шаҳри Хуҷанд тақим гардида, онҳо метавонанд аз он истифода кунанд.

Ба қавли Б.Аминов, аз 6-уми январи соли ҷорӣ 17207 нафар сокинони шаҳри Исфара ва 1072 нафар сокинони шаҳри Табошар тавассути корти бонкӣ нафақаи худро дастрас менамоянд. «То соли 2013 тамоми нафақахӯрони вилояти Суғд бояд ба низоми тавассути корти бонкӣ пардохт намудани нафақа гузаронида шаванд», – иброз дошт бонкдор.

Номбурда афзуд, айни замон дар ин минтақа беш аз 179 ҳазор нафар нафақахӯрон ба сар бурда, ҳар моҳ ҷиҳати пардохти нафақа ба онҳо 25,4 млн. сомонӣ маблағ зарур аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.