Мусодираи 8,6 кило афюн дар ноҳияи Шӯрообод

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 26-уми апрели соли равон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини ҷамоати деҳоти Ёл, деҳаи Порвор, ноҳияи Шӯрообод шаҳрванд Амрохон […]

ASIA-Plus


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 26-уми апрели соли равон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини ҷамоати деҳоти Ёл, деҳаи Порвор, ноҳияи Шӯрообод шаҳрванд Амрохон Халифаеви 45-сола дастгир карда шудааст.

«Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 8 килою 600 грамм маводи нашъадори навъи «афюн» дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт манбаъ. 

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, акнун Амрохон Халифаев барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.